Ба вуљуд омадани давлатҳо дар Ҳиндустони ќадим Наќша



Скачать 287.08 Kb.
Дата27.04.2016
Размер287.08 Kb.

www.univer.tj

Мавзуъ: Ба вуљуд омадани давлатҳо дар Ҳиндустони ќадим



Наќша

Сарсухан



  1. Ташакулёбии давлатҳои ќадимтарин дар сарзамини Ҳиндустон.

  2. Вазъи кишоварзї ҳунарманди ва тиљорат.

  3. Вазъи сиёси ва байналхалќии Ҳиндустони ќадим

Хулоса


Адабиёт

Бобби I


Ташакулёбии давлатҳои ќадимтарин дар сарзамини Ҳиндустони ќадим.

Ҳиндустони Қадим

Ҳиндустони замони Хараппа
Маданияти Хараппа. Соли 1875 бостоншиноси англис А.Канингҳем дар Хараппаном маҳалаи панљоби Ѓарбии Покистони имрўза мўҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаљот дошт. Ин бозёфт диќќати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XX дар он љо ҳарфиёт давом кард. Дар натиља шаҳрҳои Хараппа ва Мохенљо –Даро ёфт шуданд. Аз руи маҳали бозёфти аввалин олимон ин маданиятро «Хараппа» номиданд. Бозёфтҳои бостоние, ки дар музофотҳои Балуљистон ва Синд ба даст омадаанд, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин минтаќаҳои Ҳиндустон дар ҳазорсолаҳои IV ва III пеш аз милод зироаткорию чорвопарварї ва косибї Рушду нумўъ карда будааст.

Маданияти Хараппа хусусияти маҳалї дошта, зинаи баландтарини рушди маданияти ќадимаи Ҳиндустон меьошад. Дар рушди маданияти Хараппа наќши дарёҳои Ҳиндустон калон аст. Беҳуда нест, ки аксарияти бошишгоҳҳои мансуби вокеъи гардидаанд. Маданияти Хараппа дар масоҳати бузург паҳн гардида буд. Он аз шимол ба љануби нимљазираи Ҳиндустон зиёда аз 1100км ва аз ғарб ба шарќ зиёда аз 1600 км доман паҳн кардааст.

Умри маданияти Хараппа . умри маданияти Хараппаро олимон бо роҳҳои гуногун муайян кардаанд.: ба воситаи солшумории ҳиндї, байнаннаҳрайнї, сумерї, муќоисаи бозёфтҳои бостонї ва роҳу усулҳои дигар. Ҳамин тариќ, оғози маданияти Харапаро соли 2300 пеш аз мило два хотимаи онро соли 1750 пеш аз милод муќарар намудаанд.

«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г

Шаҳрҳои Хараппа. Дар натиљаи ҳарфиёти бостонї якчанд шаҳрҳои калони маданияти Хараппа ёфт шудаанд. Калонтарини онҳо Хараппа ва Мохенљо –Даро мебошанд.

Шахрхои маданияти Хараппа аз рўи сохт ба ҳамдигар монандї доранд. Шаҳрҳои калон аз ду ќисми асосї иборат буданд. Қисми якум ќалъа, ки дар онљо ҳукумати шаҳр љойгир буд ва дуюми он: шаҳри поён: мебошад дар шаҳри поён: асосан хонаҳои истиќоматї љойгир будаанд. Қисми марказии шаҳр шакли росткунља дошт. Қалъа Дао љои баланд шуда Буда, ќисми сокинонашро аз обхезї муҳофизат мекард. Вай ба шаҳри поён: бо ду даромадгоҳ пайваст мешуд. Дар дохили ќалъа ҳуљраҳои ибодат кунї ва идораи шаҳр мављуд буданд. Қалъа бо деворҳои баланди ғафс, манораҳо ва сутунҳои боҳашамат мустаҳкам карда шуда буд. Дар ќалъаи Мохенљо-Даро ҳавзи калоне мављуд буд, ки он бо максади иљрои маросимҳои динї сохта шудааст. Тавассути ќубури махсус ба ҳавз беист оби тоза мерехт. Дар наздикии ҳавз анборҳои ғалла ва хонаи ба маљлисгоҳ монанд воќеъ гардида буданд. Масолеҳи асоси бинокорї хишти пухта буд лекин бинокорон дар ин кор аз хишти хом ҳам истифода мебурданд. Шаҳрдору шаҳрсохо ба таъминоти об ва тоза нигоҳ доштани шаҳр диќќати калон медоданд. Қариб хар як бино (хона) чоҳи об мављуд буд низоми тоза нигоҳдории (канализация) –и Хараппа яке аз беҳтаринҳо дар тамоми Шарќи ќадим мебошад. Дар кучаҳо хавзчаҳои махсус сохта шуда буданд, ки ифлосиҳо дар онҳо такшин мешуд. Баъд аз ин оби тоза аз ҳавз ба љўйи умумї мерехт. Ин љўйборҳо аз хишти пухта сохта шуда, болои онҳо тахтасангҳо пушонида мешуд.



Машғулияти ахолї. Ќисми зиёди аҳолии Хараппа дар деҳот зиндагї мекард ва ба чорводорию кишоварзї машғул мебуд. Водии дарёи Ҳинд яке аз марказҳои зироаткори Хараппа Буда ќадимтарин дар Шарќ мебошад. Ҳафриёт нишон дод, ки аҳолии Хараппа бо навъҳои гуногуни гандум, љав, кунљид, лубиё, нахуд, наск, мушунг, ва ғайра шинос будааст.

Энциклопедияи совети тољик Душанбе 1983 с ќ IV

Мардуми инљо ба шоликорї машғул будаанд. Аз Мохенљо –Даро порае начандон калоне гозворҳам ёфт шудааст, ки он ҳам мављудияти пахтакорї дар инчо шаходат медиҳад. Аҳолии Хараппа ба боғи токпарвари низ машғул буд. Барои зироаткаории оби кишоварзон ва боғдорон аз мадди дарёи Ҳинд хуб истифода мебурданд. Дар зиндаги мардуми Хараппа чорводорї аҳамияти калон дошт. Аз ҳайвоноти хонагї бузу гусфанд, гову гурба ва саг ба онҳо маълум будаанд. Дар ҳамин давра ҳиндуҳо филро ром карда будаанд. Косибони Хараппа аз мисс ва биринљи олоти меҳнат, зарфҳо, силоҳ ва аз тилою нуќра маснуоти заргари тайёр мекарданд. Ба маснуоти заргари аъёну ашрофи Хараппа эҳтиёљи калон доштанд. Косибони Хараппа инчунин ба бофандагї, кандакорї дар филизу устухон ва кулолгари машғул буданд.

Дини Хараппа. Дар Ҳиндустон ибодатхонаҳои динии давраи маданияти Хараппа бисёр ёфт шудаанд. Ҳайкаалҳои Худоҳои ҳиндухои ќадим симои мардона доштаанд. Яке аз Худоҳои Хараппа Шива буд. Дар рўи яке аз муҳрҳои аз Хараппа ёфта шуда Худои серўя инъикос гардида аст, ки мўйи сараш мисли мўї сари шоҳ оро дода шуда буд. Дар ду тарафи тасвири Худо Ким-чи хел ҳайвонҳои ваҳшї истодааст. Мувофиќи тасаввуроти динии ҳиндуҳои он ваќта Худоҳо дар шакли хайвонҳои алоҳида инъикос карда мешуданд. Худо Шива ва барзагове, ки «Нандин» ном дошт, монанд ҳисобида мешуд.

Хат. То замони мо зиёда аз 1000 адад муҳрҳо маснуоти сафолию килизии навиштаљотдоре ёфт шудааст, ки ба маданияти Хараппа тааллук доранд. Дар болои ашёҳои номбурда ќариб 400 аломат истифода шудааст. Ҳиндуҳо барои ифода раќамҳо низ аломатҳо доштаанд. Онҳоро бо воситаи хатчаҳои гуногун ифода мекарданд. Хатти Хараппа аз тарафи рост ба чап навишта ва Хонда мешуд. Мутаасифона олимон то ҳол хатти Харапаро Хонда натавонистанд.



Бобби II

Ҳиндуориён

Ба Ҳиндустон омадани ќабилаҳои ориёї.

Дар бораи дар Ҳиндустони ќадим паҳн гардидани ќабилаҳои ориёи ёдгориҳои маданияти хаттии ҳиндустон ва махсусан «Ригведа» маълумот медиханд. Дар 1000 солаи II пеш аз милод ќабилаҳои ориёї аз Ѓарб ба љониби шимол ва Шарќи Ҳиндустон ҳаракат мекунанд. Ин раванд давраи дуру дарозро дар бар гирифтааст. Солҳо ва асрҳо мегузаштанд. Дар ин давра ќабилаҳои ориёї дар Ҳиндустони ќадим сокин шудан гирифтан. Дар Панљоб ќабилаҳои Дравидҳо, ќабилаҳои дигари ориёї дар маҳалҳои Ҳиндустони Шимолї Шарќї сокин шуданд. Ќабилаҳои маҳҳалї ва муҳољирони ориёї муќобилияти сахт нишон медоданд. Дар ин сурат ориёихо маљбур мешуданд, ки аз ќувва истифода баранд. Дар ноҳияҳои шарќии мамлакат ќабилаҳои маҳаллии мундҳо сокин буданд. Онҳо ба муќобили ориёиҳо бархостанд дар ин љанг ориёиҳо дастболо шуданд. Онҳо мундҳоро ба љониби љангалзор танг карда буданд. Ќабилахои ориёї бо мурури замон ба ќабилаҳои маҳаллї омезиш ёфта, халќї ҳиндухоро ташкил намуданд.

Ин халќ минбад маданияти худро ба вуљуд овард.

Љомеъаи Ҳиндустони 1000 солаи II ва нимаи авали 1000 солаи I пеш аз милодро љомеъаи ведои меноманд, ки он аз руи ёдгории маданияти хаттии он давраги ҳиндуҳо-«Ведҳо» бармеояд.



Машғулияти аҳолї. Шуғли кишоварзї аз аҳолї талаб мекард, ки ба зиндагии муќими гузарад. Кишоварї инчунин ба истифодаи олоти кори бо ҳамин сабабгор шуд. Олоти кори аз оҳан сохта шуда нисбат ба олоти миссию биринљи мустаҳкамтар ва сермаҳсулоттар буд. Ба воситаи олоти оҳанин аз худ кардани заминаҳои серљангали води дарёи Ганг осонтар шуд. Оҳан, ғайр аз ин ба обёрии зироату боғҳо кумак мерасонад. Аҳолии давраи Ведои Ҳиндустон љав, гандум, шоли, зироатҳои лубиёги парвариш мекарданд. Шоли ба ориёиҳо то ба Ҳиндустон омаданашон маълум набуд. Парвариши онро ориёиҳо аз ќабилаҳои маҳали омухтанд.

Авдиев В.И «История деревного Востока» Москва 1953 с


Мардуми љомеаи Ведои ва чорводори, обчакори ва боғу токпарвари машғул буданд.

Давлатҳои аввалин. Нобаробарии молу мулки дар Ҳиндустон ба пайдоиши табаќаҳо сабаб мешавад. Пайдоиши табаќаҳо, дар навбати худ, давлатро ба вуљуд овард.

Ќабилахои ведои аввал дар ганҳо зиндаги мекарданд, ки онҳо љамоатҳои авлодию ќабилави буданд. Баътар онҳо дар љомеаҳое зиндаги мекарданд, ки хусусияти табаќави доштанд.

Ќиссаҳои ќадимаи ҳиндї, ки дар бори ба вуљуд омадани ҳокимияти шоҳи шаҳодат медиҳанд, љолиби диќќаттанд. Мувофиќи яке аз ин ќисаҳо дар љомеаи ведої аввал шоҳ вуљуд надоштааст, ҳама баробар буданд. Ахлоќро ҳама љиддан риоя мекардаанд. Сипас аксарияти аъзои љомеа ва хусусан одамони доро ахлоќро вайрон мекарданд. Одамони зуровар одамони камќуватро мехурдаги мешаванд. Баъди ин кор Худои асоси Брахма ҳокимияти шоҳ ва илми љазодиҳиро таъсис мекунад. Мувофиќи ќисаи дигар одамон худашон шоҳро интихоб мекарданд, ки онҳоро муҳофизат кунад.

Аз рўи ибтидоии матни ведои аввал рољаҳоро худи халќ интихоб мекардааст. Дар «Ригведа» ва «Атхарваведа» сурудҳое ҳастанд, ки ба интихоб гардидани шоҳ бахшида шудаанд. «Халќ туро интихоб мекунад, ки дар идора кунї», гуфта мешавад. Дар яке аз сурудҳои «Атхарваведа». Дар љомеъаи ведоии Ҳиндустон давлатҳои бисёре вуљуд доштанд. Кошала, Каши, видеха Магатҳа аванти аз ќабили давлатҳои ќадимтарини онҳо мебошанд.




Сохти кастагї. Гуруҳи одамонеро, ки дар дохили љомеа ҳуќуќҳояшон маҳдуд карда шудаанд, дар Ҳиндустони ќадим «Љати» меномиданд. Дар ончо инчунин табаќаҳо – Ватна (яъне каста)-ҳо ба вуљуд меоянд. Онҳо Барахманҳо, Кшатриҳо, Вайштҳо ва Шудраҳо мебошанд. Ҳар кадоми онҳо дар љомеаи ведои маќоми худро дошт. Ашрофи ҳарби Варнаи кшатриро ташкил мекарданд, коҳинон – Барахманҳоро, љамоатчиёни озод=вайшҳо ва варнаи шудраҳо зинаи аз ҳама пасти ин љомеаро ташкил менамуданд.

Мансаби шоҳиро танҳо намояндагони варнаи кшатриҳо ишғол карда метавонистанд. Дар он лашкар ва вазифаҳои муҳимтаринро кшатриҳо соҳиби мекарданд. Чи тавре ки дидед, бараҳманҳо ва кшатриҳо дар љамъият мавќеи имтиёзнок дошта, онҳо ҳар ду ба табаќаи ҳукумронро ташкил менамуданд. Онхо аз ҳисоби меҳнаткашон рўз мегузарониданд. Аз ҳама корҳои вазминтаринро шудраҳо иљро мекарданд. Ҳуќуќҳои ин табаќа нихоят паст буданд.



Маданияти давраи ведої. Матнҳои ведої имконият медиҳанд, ки ба дини давраи ќадими шинос шавем. Дини хиндуёни кадим дар тулии чандин аср ташакул ёфтааст. Мувофиќи нишондоди дини ведої мардуми ҳинду ба Худоҳои зиёде этиќод доштанд. Яке аз Худоҳои машҳуре, ки ба воќеаҳои табиат алокаманд аст, Индра мебошад. Худо Индра ҳимоятгари тартиботи љаҳони низ ба ҳисоб мерафт. Осмон дар ихтиёри Худо Варуна буд. Гуё ки у да руз ба аробааш савор шуда, дар осмон сайру гашт мекунад. Худоҳо ба некхоҳ ва бадхоҳ таќсим мешуданд. Худои раъду барк ва туфон Рудра хислатҳои манфи дошт. Ў бо Худоҳои дорои хислати мусбат муќобил гузошта мешуд.

Адабиёти ведои ёдгории ќадимтарини хаттии Ҳиндустон мебошад.Ба он матнҳои давраҳои гуногуни таърихи Ҳиндустон дохил карда шудаанд.Чанд маљмўаи онро ном мебарем.Маљмуаи сурудҳо-самхитҳо: «Ригведа»(маљмуаи сурудҳо), «Смаведа»(маљмуаи сурурўдхони), «Ячурведа» (маљмуаи усулҳои ќурбони кардан).Баъди ин «Бараҳманҳо»-шарҳи матни расму оинҳо ва самхит – «Араняки»(китоби љангали) ва «Упанишадҳо» - рисолаҳои динию ахлоќи дар охирҳои 1000 солаи II пеш аз милод тартиб дода шуда, аз 1028 суруд иборатанд. «Махабхарата» ва «Рамаяна» дар охирҳои асри IV пеш аз мелод ва то асри IV милодї офарида шудаанд.Дар «Рамаяна»воќеъаи Ҳиндустон ворид шудани ќабилаҳои ориёї инъикос ёфтааст.Ин ќиссаҳо хеле бузурганд. «Махабхарата» аз 100 ҳазор шлок «Рубої» ва «Рамаяна» аз 2400 шлок иборат мебошад.



Давлатҳои Ҳиндустон. Дар таърихи Ҳидустони ќадим яке давраҳои муҳимтарин оғоз меёбад.Давлатчаҳои сершумори он ба давлати марказиятноки ягона муттаҳид мешаванд.Он давраи Магаду Маврҳо ном дошта, ќариб 4 аср давом кардааст.

Давлати Магадҳо. Асосгузори сулолаи Хариакҳо Бамбисар дар нимаи дуюми асри VI-аввали асри V пеш аз милод давлати Унуро ба давлати худ мутаҳид кард.Дар давраи ҳукумрони писари Бамбисар Аљаташатра давлати магатҳо ба давлати пуриќтидортарини води дарёи Ганг табдил меёбад.Ба Аљашатра лозим омад,ки бар зиди давлати Личханҳо мубориза баранд.Аљаташатра оќибат ба он ғолиб мебарояд. Баъди ин навбат ба давлати дигари пурзур Аванти мерасад, ки дар Ҳиндустони ғарби вокеъ буд ва онро хам маглуб намуда ба мамлакати худ ҳамроҳ мекунад. Барои мустаҳкам кардани иќтидори давлатї Магатҳо писари Ачаташатра Удаин (солҳои ҳукумрониаш 461-446) пеш аз милод, ки шоҳи навбатии ин сулола буд, пойтахти давлатро аз Раљагриха ба Паталипутра кучонд. Ин шаҳр да оянда ба маркази калонтарини Ҳиндустони ќадими табдил ёфт.

Давлати Нандҳо. Дар давраи лашкаркашиҳои Искандари маќдуни дар паталипутра солҳои 345-317 сулолаи Нандҳо ҳукумрони мекард. Дар рафти лашкар каши Искандари Макдуни ба давлати ҳуљум кардани мешавад. Дар ин вакт дар Нанд Аграмас ном шоҳ ҳукумрони мекард. Ҳокимони маҳалие, ки мухолифони нандхо, буданд ба Искандар дар бораи ќувваҳои ҳарби он давлат хабар мерасонанд.

Искандар аз ҳамин сабаб бе талафоти калон давлати Нандҳоро забт мекунад, вале дар он љо намемонад.

Аграмас ҳукумрониашро дар нанд давом медиҳад. Нандҳо лашкари пурзури дорои ќариб 200 ҳазор пиёда Аскар, 20 ҳазор савора, 2 ҳазор аскари савори аробаи љанги ва 3-4 ҳазор фили љанги ташкил карда буданд. Чунин лашкарро таъмин карда кори осон набуд. Барои ҳамин Нандҳо ба халќ андозҳои вазмин бор карда , дар Айни замон бар зидди ҳокимони маҳалии саркаш мубориза мебурданд ва онҳоро мағлуб карда, ба итоати худ медароранд.
Ин кор барои ба вуљуд омадани давлати нави марказиятноки ҳинди-маврҳо замина мегузорад.

Империяи маврҳо. Шоҳи аввалини сулолаи Маврҳо Чандра Гупта мебошад. Дар бораи давраи љавонии ў сарчашмаҳои буддої накл мекунанд. Гўц\ё ки љандра Гупта ҳангоми таҳсил бо устоди мушовири ояндаи худ –Чанак вомерурад. Чандра Гупта ҳамроҳи Чанак наќшаи соҳиб шудани тољу тахти Нандҳоро мекашад ва бо ёрии ў онро амалї мекунад.

Муборизаи Чандра Гупта бар зиди Нандҳо дуру дароз ва ниҳоят мушкил буд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда зиёда аз 1 милион љанговар, талаф шуд. Оќибат Чандра Гупта ба тахти подшоҳии давлати Маврҳо менишинад. Ў ин корро барваќтар карда метавонист, вале Искандари Маќдунї, ки ба Ҳиндустон ҳамла карда буд, халал расонд. Чандра Гупта дар империяи Маврҳо ҳукумро буд ва барои мустаҳкам кардани ин давлат љидду љахди бисёре кардааст. Баъд аз сари Чандра Гупта ҳокимият ба писари ў Биндусар мегузарад, ки ў солҳои 297-272 ҳукумронї кардааст. Дар давраи ҳукумронии Биндусар давлат ноором буд. Дар он шуришҳо Сар зада, ҳокимияти шоҳро суст мекарданд. Баъд аз вафоти Биндусар дар байни писарони ў барои тољу тахти давлатї мубориза Сар шуд. Оќибат дар Паталипура солҳои 272 пеш аз милод ба ҳокимият Ашок соҳиб мешавад. Салтанати ў дар империяи Маврҳо то соли 232 пеш аз милод давом мекунад. Дар давраи ҳукумронии Ашок давлати Маврҳо ба дараљаи баландтарини тараќиёти худ мерасад. Ба Ашок лозим омад, ки ба давлати пуркуввати Калинга, ки дар соҳилҳои халиљи Бангола вокеъ буд, љанг кунад. Дар ин љанг Ашок 150 ҳазори љанговари душманро асир гирифта, 100 хазори дигарро мекушад. Калинга ба давлати Маврҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо ин Иаврҳо роҳи мухимтарини обиро ба даст дароварданд. Ашок дар давлатдорї маҳорати баланд дошт. Ў бо шоҳҳои давлатҳои бисёре, масалан, бо шоҳи Селевкиён Антиоҳ, ҳокими Миср Плотимей, шоҳи Македония Антигон Гонат ва дигарон муносибатҳои дўстона барќарор кард. Сафирони Ашок ба давлатҳои зиёди дуру дароз сафар карда, супоришҳои подшоҳро иљро мекарданд.

Давлати Маврҳо соли 206 пеш аз милод аз тарафи шоҳи Селевкиён Антиохи Бузург барҳам зада шудааст.

Љумҳуриятҳои Ҳиндустон. Дар давраи Магадаҳою Маврҳо давлатҳои љумҳуриявие, ки дар сарчашмаҳои ќадимаи Ҳиндустон бо истилоҳи «гана» ва «сингха» ишора шуданд, мављуд буданд. «Ганаҳо» ва «сингхаҳо» дар идоракунии давлат маќоми калон доштанд. Дар сарчашмаҳои ќадима якчанд намуди давлатҳои љумҳурияивии Ҳиндустон ном бурда мешавад.

Дар сарчашмаҳои хаттии будої дух ел давлат нишон дода шудааст-мутлаќият дар зери ҳокимияти шоҳ ва мамлакатҳое, ки ба воситаи «ганаҳо» ё худ «сингхаҳо» идора карда мешавад. Ганаҳо ва сингхаҳо тараќикардаи давраи Маврҳо давлатҳое буданд, ки дар онҳо ҳокимияти ягонаву мутлаќи шоҳ вуљуд надошт, яъне онҳо љумхурї буданд. Дар чунин давлатҳо ҳокимияти шоҳї мероси набуд. Сардори давлат интихоб ва ё аз тарафи «гана» ё «сингха» -ҳо таъин карда мешуд. Барои интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаи шоҳї меъёри асосї хизматҳои номзад буд. «Гана» ё «сингха» дар сурати зарури метавонист шоҳро аз вазифааш озод кунад.

Иљрои ќарорҳои ќабулкунандаи ганаҳо ва сингхаҳо аз тарафи ҳама ҳатмї буд. Ба онҳое, ки ќарорҳои Гана ё сингхаро иљро намекарданд, љаримаи калон меандохтанд.баъзан дар ҳаќќи гунаҳгор ҳукми ќатлро ба кор мебурданд. мансабдорони давлатиро ҳам Гана ва сингха таъйин мекард. Бинобар ин, онҳо намояндаи Гана ва сингха ҳисобида мешуданд.

Хулас, идоракунии давлатҳои љумҳуриявии Ҳиндустони ќадим давраи Магадҳо ва Маврҳо дорои унсурҳои демократии идоракунї бўд. Лекин, чи тавре ки дидем, он унсурҳои ғайридемократї ҳам дошт.



Бобби III

Маданияти Ҳиндустон. Дар замони Магаду Маврҳо дар Ҳиндустони ќадим маданият хеле инкишоф ёфт. Он дар пешравии маданияти халќҳои љаҳон саҳми арзанда гузоштааст.

Хат. Хате, ки дар Ҳиндустони ќадим ба вуљуд омада буд, махсусан, дар асри III пеш аз милод ба таври васеъ пахн мегардад. Дар ин бора навиштаљоти давраи шоҳи ашок, ки дар ҳудудҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ёфт шудаанд, низ шаҳодат медиҳанд. Онҳо ба хатҳои брахмї, арамеї, кхароштҳї, юнонї ва бештар бо хатти брахмї навишта шудаанд.

Ёбарои навиштан барги дарахти нахл ҳамчун коғази истифодаи бурда мешуд. Ёдгориҳои хаттии дар барги ин дарахт навишташуда то замони мо омада расидаанд. Навиштаљоти асри II пеш аз милод шоҳиди он аст, ки дар ин давра ҳам якчанд намуди хатти брахмї вуљуд доштааст. Дар китоби буддоии «Лалитавистара», ки ба ибтидои солшумории милодї таалуќ дорад, 64 намуди ин хат ёдоварї шудааст. Онҳо дар асоси хатҳои маҳаллии будої ва хориљї тартиб дода шуда буданд. Хат дар хаёти ҳиндуёни ќадим маќоми баланд дошт. Китобҳои муќќаддаси динї ба воситаи он навишта мешуданд.. шоҳону амалдорон ва тољирон барои доду гирифт ва мукотиба аз он ба таври васеъ истифода мебурданд.



Донишҳои илмї. Дар замони Магаду Маврҳо риёзї, ситорашиносї, тиб ва забон ба вуљуд омаданд.

Яке аз олимони бузурги Ҳиндустони ќадим Панини, ки дар асрҳои V-IV пеш аз милод зиндагї кардааст, оид ба забон «Аштадхияи» («Ҳашткитоб») ном китоберо талиф намудааст. Сифати таҳлил ва сабки навишти асари ин олим хеле љолиб аст. Дар асри IV пеш аз милод «Аштахидяи»-ро олими дигари ҳинд Катяяна дар китоби худ шарҳ медиҳад. Дар асри II пеш аз милод Патанчали ном олими дигар граматикаи забони ҳиндиро таълиф мекунад. Ин асарҳои илмї барои инкишофи забон ва забоншиносї дар Ҳиндустони ќадим хизмати калон кардааст.

Дар давраи ҳукумронии Магаду Маврҳо Ҳиндустон китобҳои зиёди буддої офарида шудаанд. Ќонуни будої солҳои 80-ум пеш аз милод дар Сейлон талиф шуда буд. Дар худи ҳамин ваќт дар адабиёти ҳинд шеър ҳам пайдо мешавад, ки онро «кавя» меномиданд. Дар соҳаи усули идораи давлат низ асарҳои илмї навишта мешуданд. Яке аз онҳо «Артхашастра» ном дошт. Онро амалдори олимаќоми шоҳи маврии Чандра Гупта –каутил таълиф кардааст. Каутил дар китоби худ ќайд мекунад, ки давлат на ҳама вакт вуљуд дошт. Он барои ба низом даровардани тартибу интизом ва ќонуният ташкил карда шудааст. Каутил ба шоҳ мурољиат карда, менависад, ки ў бояд халќи худро аз беадолати бедодгарї ҳимоя кунад. Ошубҳои дохилї, менависад ў, нисбат ба хавфи хориљи хатарноктаранд, зеро онҳо имконият фароҳам меоранд, ки мардум ба шоҳ ва ҳокимияти мављуда бовар накунанд. Дар асри Каутил ба маќоми корҳои махфии давлатї диќќати калон дода мешавад. Ў дар идоракунии давлат љазоро хеле муҳим мешуморад. Он ваќт илм дар бораи давлатро «илм дар бораи љазо» меномиданд.

Илми ситорашиносї ҳам арзи вуљуд карда буд. Олимони Ҳиндустони ќадим ҳаракати офтобу моҳтоб ва ситораҳоро меомўхтанд. Дар натиљаи ин онҳо таќвими ќадимаи ҳиндиро сохтанд. Мувофиќи он соли борат аз 12 моҳу ҳар моҳ 30 рўзиро дар зарфи хар 5 сол як маротиба ба воситаи «моҳи 13-ум» ислоҳ мекарданд. Рисолаҳои ќадимтарини ситорашиносии ҳиндї ба асри VI пеш аз милод рост меояд. Ситорашиносони ҳиндї ҳанўз ҳамон ваќт муайян карда буданд, ки замин дар атрофии меҳвари худ давр мезанад ва моҳ рўшноиро аз Офтоб мегирад.

Ҳиндуёни ќадим дар инкишофи илми риёзї хам саҳми калон гузоштаанд. Ба ҳисоб дохил кардани «0» -«холї» («сифр») кашфиёти хеле муҳим буд. Ба раќамҳои 1,2,3,3,4,5,6,7,8,9 сифр ҳамроҳ карда, ин раќамаҳоро даҳ, сад, ҳазор ва миллион баробар зиёд мекарданд. Масалан, ба раќами 1 сифр ҳамроҳ карда, раќами «10», ду сифр ҳамроҳ карда, раќами 100, се сифр ҳамроҳ карда, раќами 1000-ро ба вуљуд меоварданд. Раќамаҳоро дар љойҳои сифрҳо ҳам гузошта, раќами заруриро ҳосил менамуданд.

Санъат. Дар давраи Магду Маврҳо дар Ҳиндустон ду намуди санъат меъмори ҳайкалтароши бештар тараќќї кард.

Биноҳоро дар ин давра асосан аз чўб месохтанд. Бинобар ин то замони мо танҳо харобаҳои онҳо боќї мондаанд. Онҳо дар бораи санъат баланди меъмори онваќтаи Ҳиндустон гувоҳї медиҳанд. Устоҳои ҳиндї дар сохтани бино батадриљ аз санг бештар истифода мебурданд. дар натиљаи ҳафриёт дар љои шаҳри Паталипутра харобаҳои ќасри шоҳ ёфт шудаанд, ки он 100 сутуни боҳашамат дошта, бо ҳайкалҳою кандакорї зебу зинат дода шудааст.

Меъмори Ҳиндустон дунявї ва динї буд. Ибодатхонаҳои буддої дар Санља ва Бпархута ёфта шудаанд. Онҳо тахминан ба асрҳои III-II пеш аз милод рост меоянд.

Биноҳо, ќасрҳо ва ибодатхонаҳо аз ҳайкалҳо пур буданд. Дар расм мебине, ки дар ќисмати болоии сутун ҳайкали чор Шер истодааст. Онҳо бо санъати баланд ва табъи хосаи ҳайкалтарошони Ҳиндустони ќадим офарида шудаанд.



Дини Ҳиндустони ќадим. Дини ҳиндуёни ќадим замони Магаду Маврҳо аз этиќодҳои динии ќадимтарини халќҳои Ҳиндустон оғоз меёбад. Онҳо дар он ваќт ќувваҳои табиатро мепарастиданд.парастиши оташ дар Ҳиндустон ҳам паҳн шуда буд. Оташро ҳиндуёни ќадим сардори муќќадаси хона меҳисобиданд. Баъдтар дар Ҳиндустон дини бараҳманї паҳн гардид. Мувофиќи таълимоти ин дин љамъият аз кастаҳои алоҳида иборат аст.

Дар асри VI пеш аз милод дар Ҳиндустон дини буддоия ба вуљуд омад. Дини нав минъбад дини бараҳмания ва динҳои дигарро танг карда баровард. Ин дин асри III пеш аз милод ќариб дар тамоми Ҳиндустон паҳн гардид. Сабаби ғалабаи дини будоия он буд, ки дини бараҳманї мардумро ба костаҳо људо мекард.


История уревного мира М.1989

Ҳиндустон кишварӣ аст дар қорраи Осиё. Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мамлакати Чануби Осиё ҷойгир шуда, қисми зиёди онро нимҷазираи Индостан гирифтааст. Хиндустон аз тарафи ғарб бо Покистон, аз тарафи шимолу-шарқ бо Хитой, Непал ва Бутаном ва аз тарафи шарқ бо Бангладеш ва Мьянмой хамсархад мебошад. Гайр аз ин Хиндустон аз тарафи чануби ғарби бо сархадхои баҳри бо чазираи Мальдивски, аз тарафи чануб бо Шри-Ланка ва аз тарафи чануби шарқи бо Индонезия хамсархад мебошад. Масохати бахсталаби штати Ҷамму ва Кашмир бо Афғонистон хамсархад мебошад. Хиндустон дар чахон аз чихати ахоли чои дуюмро мегирад, ки дар он чо зиёда аз миллиард нафар одамон зиндаги мекунанд. Хиндустон дар чахон аз чихати масохат чои хафтумро ишгол мекунад. Дар Хиндустон индуизм, буддизм, сикхизм, ҷайнизм пайдо шудаанд.Мундариҷа [Пинҳон кардани]


Ҳиндустон то миёнаи асри XX дар итоати империяи Подшоҳии Муттаҳида буд. Баъд аз он ки Хиндустон соли 1947 сохибистиклол шуд, давлат аз чихати иктисоди ва инкишофи харби сохиби дастовардхои зиёд шуд, махсусан дар тули бист соли охир.
Ҳиндустон аз калимаи қадимаи «синдху» гирифта шуда, маънояш номи таърихии дарёи Инд мебошад. Сарқонун Ҳиндустон инчунин дигар номгуи давлатро эътироф мекунад, Бхарат ки он аз санскрити номи кадимаи подшох, ки саргузашти у дар Махабхарате навишта шуда буд. Номгуи сеюми Ҳиндустон, аз давраҳои Империяи Моголи Бузург истифода бурда мешавад, вале статуси давлати надорад.

Аз хама барвакттарин изхои хаёти инсон дар Хиндустон – ин сурати кухии асри Сангин дар Бхимбетке дар штати Мадхья-Прадеш мебошад. Аввалин маълумотхои хамавактаи ахолии дар 9000 сол пеш пайдо шуданд ва ба пайдошавии Тамаддуни водии дарёи хинд оварданд, ки бисёртарин гулгулшукуфии ин давлат аз соли 2600 пеш аз миллод то соли 1900 пеш аз миллод .Баъд аз тамаддуни Хиндуи тамаддуни Ведики омад.


Аз соли 500 пеш аз миллод сар карда дар сарзамини Хиндустон якчанд шохигарии сохибистиклол пайдо шуданд. Ба ташакул ёфтани маданияти Хиндустон сулолаи шимолии Маурья,. дар зери хукумронии шохи буддои Ашоки сахми худро гузошт. Аз соли 180 пеш аз миллод Хиндустон як катор тохтутозхое, ки аз тарафи Осиёи Миёна аз сар гузаронид, ки дар натича дар сарзамини Хиндустон шохигарихои Хинду-юнони, Хинду-скифи ва Хинду-парфяни, ва инчунин империяи Кушониён пайдо шуданд. Аз асри III сар карда дар таърихи Хиндустон давраи хукумронии сулолаи Гупта пайдо шуд, ки онро асрхои тиллоии Хиндустони кадима гуфтан мумкин аст.

аврупоихоро, махз, доруворихои хиндй ба худ чалб мекард. Аммо бо мурури замон ачнабиёнро дигар факат савдо конеъ намекард. Масалан, португалихоро, ки дар асри XVI дар обхои укёнуси Хинд хукмфармой мекарданд, дар микёси васеъ ба рохзании дарёй машгул шуда, молхои бештарро тавассути дуздиву горат ба Аврупо мебурданд. Агарчи онхо чандин кавй набуданд, аммо хукмронони Хиндустон, аз чумла хатто Темуриёни Хинд (1526-1761) хам дар давраи нашъунамои худ натавонистанд португалихоро ронда, хукмронй дар бахрро ба дасти худ бигиранд. Хокимияти португалихо на аз тарафи хиндухо, балки аз тарафи ачнабиёни дигар аз кабили голландихо ва инглисхо шикает дода шуд ва баъдтар фаронсавихо низ пайдо шуданд.


Стран мира: М.Политиздать 1980

Асрхои XVI-XVIII давраи хукуматдории Темуриёни Хинд буд. Салтанати вокей ва асили ин хонадон дар рУзгори Акбар нашъунамо ёфта, мустахкам гардид.


Дар соли 1606 ба чои Акбар писараш- Чахонгир ба тахти салтанат нишаст. Чахонгир "хам айшдУсти майпараст буд ва хам соддалавхе, ки ба каромати шайх ва дарвешхо боварй дошт. Бо вучуди ин дар доираи мамлакат тартиботи замони падари худро вайрон накард" (17, 14). Пас аз 21 соли хукмронии Чахонгир соли 1627 хокимияти Темуриёни Хинд 6а дасти писари У Шохичахон гузашт. Дар солхои аввали салтанати У мамлакат аз чангхои дохиливу хоричй эмин монда буд ва ин сабаб шуд, ки кисми муайяни бинохои таърихии Хиндустон дар замони У арзи вучуд намоянд. Шохичахон кисмати охири умрашро дар гаму кулфати пай дар пай гузаронидааст. Писарони У хар як барои ба даст овардани точу тахт талош варзида, ба хамдигар ва ба падарашон дар макоми душманй карор доштанд. Шохичахон
барои хотима додани ин низоъ ва дасисабозии писаронаш хар якеро ба хукумат китъае аз мамлакат таъин намуд. Хукумати Кобул ва Мултонро ба Доро дод, Шучоъ ба Бангол фиристода шуд ва Аврангзеб ба хукумати Дакан ва Мурод барои Гучарот таъин гардиданд. Вале вакте ки Шохичахон дар охирхои умраш бемор гардид, писаронаш дигар аз итоати У сарпечй карданд ва накшахои чохталабонаи худро ба маърази амал гузарониданй шуда, ба фаъолият шуруъ карданд. Аз миёни бародарон Аврангзеб марде буд мухофизкор, ки кобилияти калони рохбарию идоракуни ва шучоати азим дошт. У дар аввал мисли дигар бародаронаш даъвои подшохй ва эълони талаби салтанат хеч ба забон нагирифта ва бо тамоми кувваташ ба бахонаи аёдати падар ба тарафи пойтахт рахсипор гашт. Аврангзеб бо сифатхои сахтгирию интизомхохй ва чангчуйии худ тавонист муваффакият ба даст оварад. У инчунин тавассути бо диёнатии хос ва низ таассубе, ки дар мазхаб дошт, тавонист эътикодмандону тарафдорони зиёдеро пайдо намояд. У хамаи бародаронашро, ки хори сари рохи У барои тасарруфи точу тахт буданд, аз байн бурда, дар мохи майи соли 1665 бо унвони "Оламгир" бар тахти салтанат нишаст ва точи императориро бар cap ниход.
Аврангзеб дар давоми хукмронии худ харчанд "аз ичрои вазоифи хеш оини гафлат надошт ва таколиф ва вазифаи ичтимоиро руйи вичдон ё илм ва иттилое, ки дошта анчом медодааст"(65, 63), аммо дар замони у хам исёнхои пай дар пай, чангхои дуру дароз, дуздй ва горатгарй идома меёфтанд, ки дар натича мамлакат хароб, хазина холй, ахолй ба нодонию бенавой гирифтор гардида, асбоби инкирози давлати феодалии Темуриён дар Хиндустонро мухайё месохтанд. Ин шохи неруманди
ботадбиру дурандеш то дами охирин саъй кард то давлати Темуриёнро аз заволёбй начот дихад. Баъд аз муддате аз даргузашти Аврангзеб (1706) хукумати муктадири Темуриён заиф гардида ба чандин кисмат таксим шуд. Ба хамаи ин нигох накарда, шукУх ва азамати пешини Темуриён то андозае боки монда буд. Хол он ки аллакай дар чоряки аввали асри XVIII субадорон ва наввобони бузургтарин вилояти давлати Темуриёни Хинд хамчун хукмронони давлатхои сохибихтиёр намоён гаштанд. Аз чумла Саодат Алй (1723) дар Авадх, Муршид Кулихон (1707-1727) дар Бангола, Низомулмулк (1723) дар Хайдаробод.
Баъд аз даргузашти Аврангзеб низои сиёсй дар байни писарони У авч гирифт. Писари бузургаш Баходуршох дар Дехлй ва писари дуввумаш Аъзамшох дар Дакан худро подшох эълон карданд. Баъд аз муборизаи дусола афзалият ба тарафи Муаззам, ки ба номи Баходуршох (1707-12) хукмронй мекард, гузашт. У марди донишманд, рахмдил ва адолатпарвар буда, бо вучуди саъю КУШИШ дар муддати шаш соли салтанаташ вазъи мамлакатеро, ки солхо боз ру ба вайронй оварда буд, дуруст карда натавонист. Окибат у дар соли 1713 дар мубориза ба мукобили сикххо халок гардид. Ин хукмронро метавон охирин подшохи давлати Темуриён хисоб кард. Зеро ворисони вай аз Муизуддин Чахондоршох cap карда, хама дар дасти заминдорони кудратманд бозичае беш набуданд. Баходуршох чахор писар дошт, ки пас аз сари У барои сохиб шудан ба тахти падар ба ч.они хамдигар дарафтоданд. Аввал Азимушшаън худро подшох эълон кард, вале дере нагузашта У дар чанги бо Муизуддин шикает хУрд ва дар об гарк шуд. Баъд аз ин бародарони дигараш Хам ба мукобили Муизуддин баромада дар рафти муборизахои
тахту точталаби халок ва шохигари ба Муизуддин Чахондоршох монд. У марди чохил, бадкахр ва маишатпараст буда, хамаи додарзодахояш ва дигар шохзодагони авлоди Аврангзебро ба истиснои Фаррухсияри писари Азимушшаън, ки дар ин вакт дар пайтахт набуд, нобуд месозад. Садриддин Айнй дар рисолаи "Мирзо Абдулкодири Бедил" салтанату салтанатдории ин шохро чу нин тасвир кардааст: "Айёми салтанати Муизуддин як масхарабозй буд. У бо Лолкунур ном маъшукаи худ шабу руз мастй мекард. Лолкунур филсавор бо соябони подшохй дар куча ва бозорхо сайёхат менамуд. Бародарон ва хешовандони у ба мансабхои калон сохиб шуданд. Хатто як дугонаи У хар руз филсавор ва дар рикоби худ ясавулони чУбдор дошта, ба дарбор рафту омад мекард ва дар кУчахои Дехлй, худ бо забои ва одамонаш бо чУб одамони баномусро тахкир ва зарбу лат менамуданд" (17, 19).
Муизуддин чун хамвора дар айшу мастй машгул буд, аз Ухдаи идора кардани салтанат намебаромад. У дар охирхои соли 1713 дар чанге, ки бо бародарзодааш - Фаррухсияр карда буд, шикает хУрда, аввал махбус ва баъди чанде кушта гардид. Дар натичаи чангхои нави дохилй хокимияти Дехлй ба дасти бародарон - Абдулло ва Хусайн гузашт. Онхо аввал Фаррухсиярро (1713-1719) бар тахт нишонданд ва чун диданд, ки У зидди акоиди онхо амал мекунад, Уро аз сари кудрат дур карданд ва ихтиёри мулку давлатро тамоман ба дасти худ гирифтанд. Фаррухсияр дар паи нест кардани онхо афтод. Ин ду бародар аз нияти У пай бурда, Уро дастгир ва махбус намуда, ба чояш Шамсиддин, писари Рафеъулкадрро (соли 1719) подшох карданд. У баъди се мох бо ачали худ мурд ва саидхо (ин ду бародар) хукмронии кишварро ба бародараш - Рафеъуддавла
супориданд, ки У хам баъди муддате вафот намуд ва пас аз ин шохигарии сисолаи Абулфатх Носириддин Мухаммадшох огоз мегардад.
Дар ин чо бояд хамин чизро хам зикр кард, ки дар вакти кашмакашихою муборизахо он ду бародар хамаи хазина ва дафинаи давлатро байни худ таксим карда, хатто канизакхои сохибчамоли харамсарои шохиро низ ба хонахои худ фиристоданд. Танхо Мухаммадшох тавонист, ки саидхоро бо дасти Низомулмулк Осафчох нест карда, хукуматро ба даст гирад. Окибат У аз ах ли илму адаб дури чу ста, даст ба айшу нУш зада, хазинаи давлатро, ки пештар хароб шуда буд, боз хам
харобтар кард.
Чангхо ва шУришхои дохиливу беруни Хиндустонро хеле заифу нотавон гардонида буданд. Аз ин вазъи номусоид аввалан хамсоягони он истифода мекарданд. Наклу ривоёти зиёд оиди боигарии Хиндустон ва чавохироти беандозаи Темуриён таваччУхи шохи Эрон - Нодиршохро ба худ чалб накарда наметавонист. У дар соли 1739 бо лашкари зиёде иборат аз бодиянишинони Хуросон ва Озарбойчон ба Панчоб зада даромад. Низоъ ва номувофикатии ашрофони Темуриён ба Нодиршох имкон доданд, ки то Дехлй бе ягон монеъа харакат кунад. Хукмрони Хинд таслим шуда, дарвозаи пойтахташро барои Нодиршох кушод. Нодиршох ба лашкараш ичозат дод, то дар муддати шаш соат харчанд тавонанд горату тороч кунанд. Дар ин бесарусомонй зиёда аз 20 хазор нафар аз ахолии Дехлй кушта гардид. Тамоми сарвати чамънамудаи Темуриён ба дасти Нодиршох гузашт. Фоидае, ки у дар ин лашкаркашй ба даст овард, зиёда аз 700 млн.рупияро ташкил медод. Дар рохи бозгашт дар Панчоб сикххо ба лашкари Нодиршох хамла оварда,
кисми хунармандонро, ки бо фармони Нодиршох бурда мешуданд, баргардонданд.
Баъд аз хамлаи Нодиршох шУриши сикххо, ки аввалин маротиба дар давраи шохигарии Мухаммадшох бо рохбарии дехкон Банда (1710-1715) cap зада буд, аз нав бархост. Сикххо баъд аз заиф гаштани давлати Темуриён кувваи асосии харбиро ташкил медоданд. Баъзе аз заминдорони Панчоб ба онхо боч мепардохтагй шуданд. Хатто як кисми феодалони хурд, ки аз Темуриён норозй буданд, ба онхо пайваста, динашонро хам Кабул карданд.
Дар баробари сикххо маратхо хам то андозае cap бардоштанд. Онхо дар соли 1740 Бангола ва Авадхро ба бочдехи худ мубаддал карданд.
Максади асосии онхо гирифтани Дехлй ва Панчоб буд. Аммо франсузхо, ки дар соли 1751 Хайдарободро тобеи худ сохта буданд, пеши рохи забткорихои ояндаи онхоро дар чануби Хинд бастанд.
Баъд аз фавти Нодиршох давлати нопойдори у таназзул ёфт ва дар заминай бокимондахои он давлати афгонхо ташкил шуд. Сардори он Ахмадшохи Дурронй (1747-1773) фавран ба истилои вилоятхои хамсоя шурУъ кард. Аллакай У дар соли 1748 ба Панчоб даромад, аммо мукобилияти куввахои муттахидаи Темуриён ва волиёни Панчобро мушохида карда, ба кафо гашт. Ба хар хол Ахмадшох дар муддати нисбатан кУтох тавонист тобеоти худро аз дарёи Хинд то Дехлй васеъ намояд. Дар соли 1751 афгонхо тамоми Панчобро 6а худ тобеъ карданд ва дар соли 1752 Кашмирро низ гирифтанд. Ахмадшох пойтахти Хиндустонро низ забт карда, соли 1757 ба Афгонистон баргашт. Маратхо ва сикххо аз вазъ истифода бурда, чандин дафъа шуриш
бардоштанд. Сикххо гарнизонхои афгонхоро аз Панчоб дур карданд, маратхо бошанд онхоро аз Дехлй пеш карданд.
Дар соли 1759 Ахмадшохи Дурронй аз нав бо 40 хазор лашкар ба Хиндустон хамла карда, сарлашкарони маратхоро торумор намуд ва боз аз нав Дехлиро сохиб гашт. Дар соли 1760 дар нимчазираи Хиндустон артиши бузурги маратхо пайдо шуд. 14 январи соли 1760 калонтарин мухориба байни афгонхо ва маратхо 6а амал омад. Гарчанд Ахмадшохи Дурронй дар ин чанг голиб баромада бошад хам, аммо куввааш ба дарачае заиф гардида буд, ки дигар натавонист шуриши сикххоро шикает дихад. Дар соли 1764 сикххо истиклолияти давлати худро эълон карданд.
Хамаи ин чангу чидол, забткорй ва вокеахо дар Хиндустон дар замони салтанати Мухаммадшоху писараш Ахмадшох ва дар замони фармонфармоии Иззуддин мулаккаб 6а "Оламгири сонй>> ба вукУъ пайвастанд.
Бар асари табдили пай дар пайи подшохон, чангу мунокишаи байнихудии мансабдорону заминдорон ва низоъхои мазхабй мамлакат хароб, бинохои маданй вайрон ва шахру дехахо ба харобазор мубаддал мегаштанд. Чун идоракунии хукумат чи дар марказ ва чи дар махалхо заиф шуда буд ва Хиндустон як холати парокандагии сиёсиро аз cap мегузаронд, ачнабиён ин мавкеи муносибро хеле мохирона истифода карданд.
Карл Маркс вазъи хаёти сиёсиву иктисодии миёнахои асри XVIII-и Хиндустонро чунин баён кардааст: "Хокимияти олии Мугулхои Бузург аз тарафи ноибонаш сарнагун гардид. Иктидори ноибон аз чониби маратхо заиф гардонда шуд. Кудрати маратхоро афгонхо шикает доданд ва дар холе, ки хама ба мукобили хама мубориза мебурданд, якбора бритонихо хамла
оварданд ва тавонистанд бе ягон мушкили хамаро мутеи худ созанд" (77, 224).
Таърихнигор ва тазкиранависи машхур Озоди Билгиромй дар тазкирааш вазъи сиёсию ичтимоии ин даврро муфассал баён кардааст. У дар "Хизонаи омира" дар бораи хукмронони замон Наввоб Осафчох, амирулумаро Фируз Чанг, Наввоб Низомуддавла Шахид Музаффар Чанг, Наввоб Осафчохи Сонй, Наввоб Бурхоналмулки Нишопурй, Наввоб Абулмансур Сафдар Чанг, Умдатулмулк, Нодиршох, Ахмадшохи Дурронй, Шучоуддавла Оламгири Сонй, Шохи Олам Баходур маълумоти мухим додааст. У аз таназзулу заъфи салтанати Темурия бисер таассуф меху рад ва мегуяд: "Било Сафавия дар Ирон ва Темурия дар Хиндустон чй подшохие ба равнак ва шукУх карданд ва арсаи оламро ба оберни адлу эхсон гулзор сохтанд ва баъди Султон Хусайн Мирзо ва Фирдавс Оромгох ачдб харобихо ру дод ва амну осудагй аз хар ду мамлакат бархост"(б, 116). Мир Гуломалихон салтанати шохони мусулмонро дар Хиндустон ба некй ёдовар мешавад. Дар "Хизонаи омира" менигорад: "Кариб 700 сол аст, ки салотини Ислом бар мамолики Хинд мусаллат шудаанд. Дар боргохи худ мусалмонон ва хиндувон хар ду каринро чо доданд ва ба кадри кисмат хар ду тоифаро файз расониданд" (6, 117).
Мир Гуломалй дар бораи хамаи хамлахои забткоронаи Ахмадшохи Дурронй ба Хиндустон пурра маълумот додааст. Хатто у порчаи манзуми яке аз таърихнигорони он ахд Миравлод Мухаммад Зикоро, ки таърихи чулуси шохи Дуррониро ба риштаи назм кашидааст, овардааст: Чун шох муовадат намуд аз cap Хинд,
Бо чумла сипох,
Ал-минатулиллох шуд мусаллат бар Хинд,
Бо давлату чох.
Сар бар зада таърихи сарири орой,
Аз табъи Зако,
Фармуд чулуси Шох Ахмад дар Хинд,
Мир Гуломалихони Озод хамчун таърихнигор дар тазкирааш сабаби ба осонй тасхир карда тавонистани Хиндро аз чониби вилоятиён чунин ба калам додааст: "Хактаъоло дар миёни вилоят ва Хиндустон садди устувортар аз садди Искандари баста, яъне Кобул ва он тарафи мулк барф аст. Инсон ва дигар Хайвоноти Хинд тоби хавои барф наметавонанд овард ва аз ин чихат мардуми Хиндро тасхири вилоят мушкил. Мардуми вилоятро тасхири Хиндустон осон... Харчанд хавои тобистони Хинд ба имтизочи ах ли вилоят намесозад, аммо на мисли хавои зимистон бо мизочи мардуми Хинд... Хулосаи калом он ки мардуми вилоят хамеша голиб омад ва чандин салотини аввалй азм аз вилоят касди Хинд карданд, мисли Султон Махмуди Гозй ва
Султон Шихобиддини Гурй ва Амир Темур ва Фирдавсмакони Бобуршох ва Нодиршох ва гайра хам подшохи ин замон ва умаро, ки салтанати Хиндро ба ёд доранд... Дар вакте ки ин нома навишта будам, асло хабари омадани шохи Дурронй ба Хиндустон набуд..." (6, 118). Ин пешгУии Мир Гуломалихон рост баромад.
Т.Зиёев «Таърихи умуми »Душанбе «Сарпараст» 2005 с

Аврупоихо дар баробари он ки байни худашон барои вусъати доираи нуфуз мубориза мебурданд, дар айни замон хокими ягон вилояти Хиндустонро бозичаи дасти худ карор дода, бо хиллахои дурандешона ва яроку пул чангхои дохилиро тавсиа медоданд.


Окибати муборизаи давлатхои мустамликави барои хукуки монополиявии торочи Хинд дар давраи чанги хафтсола дар Аврупо (1756-1763) хал гардид. Сулхи Париж (1763) мавкеи хукмронандаи Англияро дар Хиндустон муайян кард. Инглисхо бар дигар аврупоихо пешй чуста, хамаи бандархои Хиндустонро ба дасти худ гирифтанд ва барои худ дар дохили Хиндустон рохро боз карданд. Онхо то тамоман ишгол кар дани Хиндустон бо номи "Ширкати Хинди Шаркй" фаъолият мекарданд.

Адабиётҳо

1.«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г
2.Стран мира: М.Политиздать 1980

3. Т.Зиёев «Таърихи умуми »Душанбе «Сарпараст» 2005 с

4. Стран мира: М.Политиздать 1980

5. История уревного мира М.1989

6. «Энциклопедияи советии тољик» Душанбе 1983с ќ IV

7 Авдиев В.И. «История деревного вотока» Москва 1953г



8 Интернет







База данных защищена авторским правом ©bezogr.ru 2016
обратиться к администрации

    Главная страница