Аз байн бурдани кори бад вазифаи ҳар шахси бо имон аст



Скачать 48.85 Kb.
Дата04.05.2016
Размер48.85 Kb.



Аз байн бурдани кори бад вазифаи ҳар шахси бо имон аст

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [

Таҳия: А. Ҳақназарзода

2013 - 1434




تغيير المنكر مسؤولية كل مسلم

«باللغة الطاجيكية»

إعداد: عبد الستار حقنظر

2013 - 1434



Аз байн бурдани кори бад вазифаи ҳар шахси бо имон аст

عن أبي سعيد الخدري – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله – صلى الله عليه وسلم – يقول: "من رأى منكم منكرا فليغيره بيده, فإن لم يستطع فبلسانه, فإن لم يستطع فبقلبه, وذلك أضعف الإيمان"

رواه مسلم

Аз Абусаъиди Худри (р) ривоят шуда ки гуфт: Аз расули Худо шунидам ки мефармуд: "Ҳар касе аз шумо кори зиштеро бибинад пас бояд онро ба дасташ тағйир диҳад, ва агар натавонист ба забонаш онро тағйир диҳад, боз агар натавонист пас ба дилаш онро инкор кунад, ва он инкор, ки ба дил аст заъифтарини имон аст.

Ривояти имом Муслим

Дар ин ҳадис яке аз усул ва қавоидеро ки барои эҷоди як муҷтамаъи солим ва пур осойш лозим аст баён фармуда ва равшан сохт, ки аз байн бурдани кори зишт вазифаи ҳар як мусалмон аст. Ва фармуд: Ҳар яке аз шумо мусалмонон аз кори зиште бо хабар бошад, бояд онро ба дасти худ бардорад.

Ва ҳар ҷо, ки кори зиште бошад ва барои шахс муясар шавад, онро боздорад, мисли ҷилавгири аз золим вақте мазлумеро бизанад, ё мисли аз байн бурдани мухадирот ва моддаҳои зараровар. Ва ҳаргоҳ як нафар аз мункар бо хабар шуд инкори он бар вай фарзи айн аст (албатта дар ҳолате,ки қодир ба тағйир доданаш бошад). Ва агар беш аз як нафар бо хабар шуд фарзи кифоят мешавад.

Дур кардани мункар ва амри ба маъруф ба далилҳои Қуръону ҳадис ва иҷмоъ собит аст.

Дар ҳадиси саҳиҳ омада аст:

(لتأمرن بالمعروف وتنهون عن المنكر أو ليعمنكم الله بعذاب من عنده)

"Ҳар ойна амр ба маъруф мекунед ва наҳй аз мункар, ё инки Худованд ҳамагиятонро ба шиканҷааш дучор созад".

Оятҳо ва ҳадисҳо дар ин бора бисёр ворид шудааст, Агар мункарро бо даст тағйир дода натавонист, пас бо забон кушиш кунад, ки инкор карда тағйир диҳад, Ва агар ин ҳам барояш муяссар нашуд, пас ба дили худ инкор намояд ва ин заъифтарини имон аст.

Ва маълум аст ки аз байн бурдани мункар ин воҷиби динии ҳар фарди бо имон аст, Аммо наҳӣ кардан аз мункар вақте воҷиб аст, ки инкор кунанда аз ҷалавгири худ бар нафсу мол ва шарафи худ дар амон бошад.

Баъзе аз уламо аз байн бурдани кори зиштро бо даст, вазифаи ҳокимҳо донистаанд, ва аз байн бурдани он ба забонро вазифаи донишмандон, то инки аз тариқи панду иршод ва насиҳат мардумро ба тарки он бо хабар созанд.

Ва чи басо ки панду насиҳати бо забон ҳамроҳ бо амал бошад, зеро бо гуфтаи худ амал намудан натиҷаи хуб ба даст меорад.

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар рӯзу шаб ба як нони ҷавин иктифо мекарда аст, ҳангомеки хулафои аббоси хостанд бораи ӯ эҳсон кунанд ва молҳое барои ӯ фиристоданд, ҳамаро пас фиристод ва далилаш ин буд, ки ба ин молҳо ниёз надорам.

أمت مطامعي فأرحت نفسي,

ومن يتبع مطامعه يهون,

وأحييت القنوع وكان ميتا,

وفي إحيائه عرضي مصون

"Тамаъҳои нафси худро куштам ва худро осуда сохтам,

Ва касеки дунболи тамаъҳои нафси худ биафтад хор мешавад,

Ва қаноъатро, ки мурда буд зинда кардам,

Ва дар зинда кардани қаноъат шарафам маҳфуз аст".

Мункар: Ҳар кори зиште, чи тарки воҷиб ва чи феъли ҳаром ва ҳар ончи, ки аз лиҳози ахлоқи иҷтимоъи мояи интишори фасод гардад, мункар мебошад. Масалан: Тарки намоз мункар аст, зеро тарки воҷиб аст, зино мункар аст, зеро кори ҳаром аст, бусидани зани худ дар пеши мардум монанди бозор ва ғайра мункар аст, зеро мухолифи ҳифзи ахлоқи иҷтимоъи аст.

Бисёре аз мардум чунини гумон мекунанд, ки имрӯзҳо аз байн бурдани мункар имкон надорад, дар ҳолеки имрузҳо аз ҳар асри дигар осонтар аст, ва бо ду роҳ имкон дорад, ки мункар аз байн бурда шавад:


  1. Инки ҳар падаре афроди хонаводаи худро ба кори писандида водор созад ва онҳоро аз корҳои баду зишт боз дорад, ва ин осонтарин роҳҳост, дар ҳадиси шариф омада аст, ки :

(كلكم راع وكلكم مسؤول عن رعيته)

"Ҳар яке аз шумо роъи (ба мисли чӯпон нигоҳубинкунандаи раъияти худ) ҳастед ва ҳар яки шумо масъули зердастони худ ҳастед".



  1. Ислоҳи фарҳанг, яъне: Муаллимон ва мураббиён дар парвариши навниҳолон ва дамидани руҳи диндори ва Худошиноси дар онҳо ҳамкори кунанд. Дар амал намуна ва дар гуфтор бо ихлос бошанд.

Васоили ахбор ва тарфиҳи умумии имруза, монанди телевизор ва радио ҳам метавонад василае барои нашри ахлоқ ва рафтори хуб бошанд ва дарсҳои омӯзанда ба мардум бидиҳанд.

Дар охир: Ҳар касе аз шумо кори зиштеро бибинад пас бояд онро ба дасташ тағйир диҳад, ва агар натавонист ба забонаш онро тағйир диҳад, боз агар натавонист пас ба дилаш онро инкор кунад, ва он инкор, ки ба дил аст заъифтарини имон аст.

Ҳар як инсон бояд, ки миёни худ ва хешу таборонаш ба мункар роҳ надиҳад, ва агар аз камтарин амали бад бохабар шуд , кушиш кунад, ки он аз байн равад.

Агар аз доираи қудрати инсон берун бошад , пас кушиш кунад, ки онро бо забон ва бо панду насиҳат ва ҳамдигарфаҳми инкор ва дур намояд.



Ва агар ин ҳам аз қудрат дур бошад, пас бо дили худ онро инкор кунед то инки дилат аз ин нопокиҳо дур бимонад ва покии худро нигаҳ дорад.



База данных защищена авторским правом ©bezogr.ru 2016
обратиться к администрации

    Главная страница