Аҳодиси Набави дар мавзуи фазоили Мадинаи Мунаввара аз китоби "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"



Скачать 64.79 Kb.
Дата09.05.2016
Размер64.79 Kb.
Аҳодиси Набави дар мавзуи фазоили Мадинаи Мунаввара аз китоби

"Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"

الأحاديث الواردة في فضل المدينة المنورة من كتاب

" مختصر صحيح البخاري"

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [


Таҳияи : Мусаби Ҳамза

2009 - 1430




الأحاديث الواردة في فضل المدينة المنورة من كتاب

" مختصر صحيح البخاري"

« باللغة الطاجيكية »

إعداد : مصعب حمزة

2009 - 1430



ЗО.КИТОБИ ФАЗОИЛИ МАДИНАИ МУНАВВАРА
БОБИ 1. Њарами Мадина
902. Аз Анас (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Мадина аз фалон минтаќа то фалон минтаќа њарам аст, дарахташ набояд ќатъ гардад ва коре, ки бар хилофи Ќуръон ва суннат аст монанди зулм ва таљовуз ва њар бидъати дигаре набояд дар он сурат пазирад ва касе, ки дар он кореро хилофи Ќуръон ва суннат анљом медињад, лаънати Худо ва малоика ва њамаи мардумон бар ў бошад."

903. Аз Абўњурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Байни ду сангзори Мадинаи мунаввара аз тарафи ман њарам ќарор дода шудааст."

Абўњурайра (р) мегўяд: Паёмбари Худо (с) ба ќабилаи бани Њориса рафтанд ва гуфтанд: "Эй бани Њориса! Фикр мекунам, шумо дар хориљ аз њарам ќарор доред." Баъд аз он ин тараф ва он тараф нигоњ карда ва гуфтанд: "На, шумо дар дохили њарам њастед."



904. Аз Алї (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар назди мо љуз китоби Худо ва он чї, ки дар ин сањифа мебошад, чизи дигаре вуљуд надорад, аз ин љумла ин, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Мадина аз Оъир то фалон минтаќа яъне то љабали Савр њарам аст.

Касе, ки дар он зулм ва ё таљовузе намуда ва ё золим ва мутаљовузеро маъво ва маскан дињад, Худо ва малоика ва њамаи мардумон ўро лаънат мекунанд ва ибодати фарзї ва нафлиаш ќабул намегардад."

Ва фармуданд: "Амон додани њамаи мусалмонон якест. Касе, ки ањди мусалмониро бишканад, Худо ва малоика ва њамаи мардумон ўро лаънат мекунанд ва ибодати фарзї ва нафлиаш ќабул намегардад.

Ва касе, ки нисбати валои дигареро бидуни иљозаи мавлои ў ба худ медињад, Худо ва малоика ва њамаи мардумон ўро лаънат мекунанд ва ибодати фарзї ва нафлиаш ќабул намегардад."


БОБИ 2. Фазилати Мадинаи мунаввара ва ин, ки
Мадина мардумони бадро аз худ меронад

905. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Маъмур ба њиљрат ба ќарияе шудаам, ки ањли он бар ањли дигар ќарияњо ѓолиб мешаванд ва мунофиќин онро Ясриб мегўянд. Ва исми муносиб барояш Мадина аст. (Мадинаи Мунаввара мардумони (номуносиб)-ро тавре аз худ меронад, ки кура сиёњии оњанро аз байн мебарад."
БОБИ 3. Мадина љойи гувороест
906. Аз Абўњумайд (р) ривоят аст, ки гуфт: Бо Паёмбари Худо (с) аз Табук омадем ва чун ба наздикии Мадинаи мунаввара расидем, фармуданд: "Ин љо тоба (яъне љойи хушгуворе) аст."
БОБИ 4. Касе, ки аз Мадина рўй мегардонад
907. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидаам, ки фармуданд: "Мардумон Мадинаро дар бењтарин њолаташ тарк хоњанд гуфт ва касе дар он љуз њайвонот ва парандагони гурусна сукунат нахоњанд гузид.

Ва охирин касе, ки аз Мадина хориљ мегардад (ва ё охирин касе, ки ба Мадина меояд, лафзи њадис чанд эњтимол дорад), ду нафар чўпон аз ќабилаи Музайна њастанд, ки гўсфандони худро ба тарафи Мадина оварда ва мебинанд, ки дар он чо вуњуш љой гирифтааст ва (дар ваќти хориљ шудан) чун ба Саният-ул-вадоъ мерасанд, ба рўи худ афтода ва мемиранд."



908. Аз Суфён ибни Абўзуњайр (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: "Яман фатњ мегардад, мардумоне пайдо мешаванд, ки ањл ва авлод ва дигар атбоъи худро ба шутурон бор карда ва ба он љо мераванд.

Дар сурате, ки агар фикр кунанд, Мадина барояшон бењтар аст ва Шом фатњ мегардад ва мардумоне пайдо мешаванд, ки ањл ва авлод ва дигар атбоъи худро ба шутурњо бор карда ва ба он љо мераванд, дар сурате, ки агар фикр кунанд, Мадина барояшон бењтар аст ва Ироќ фатњ мегардад ва мардумоне пайдо мешаванд, ки ањл ва авлод ва дигар атбоъи худро ба шутурон бор карда ва ба он љо мераванд, дар сурате, ки агар бидонанд, Мадина барояшон бењтар аст."


БОБИ 5. Имон дар Мадина љамъ мегардад
909. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Имон ба Мадина баргашта ва љамъ мегардад (мурод аз имон ањли имон аст), ба мисле, ки мор ба сўрох ва ошёнааш баргашта ва љамъ мегардад."
БОБИ 6. Гуноњи касе, ки ањли Мадинаро фиреб медињад
910. Аз Саъд (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: "Касе, ки ањли Мадинаро фиреб медињад, монанди намаке, ки дар об завб (њал) мегардад, завб (њал) хоњад шуд.
БОБИ 7. Ќасрњои Мадинаи мунаввара
911. Аз Усома (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) ба касре аз ќасрњои Мадина назар андохта ва фармуданд: "Оё чизеро, ки ман мебинам, шумо мебинед? Ман њуљуми фитнаро дар атрофи хонањоятон монанди резиши борон мушоњида мекунам."
БОБИ 8. Даљљол ба Мадинаи мунаввара дохил шуда наметавонад
912. Аз Абўбакр (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Тарс ва вањшат аз Масењи Даљљол ба Мадина дохил намегардад. Дар замони Масењи Даљљол Мадина дорои њафт дарвоза хоњад буд ва бар њар

дарвозае ду малак истода (ва аз он нигањбонї мекунанд).



913. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Малоика дар гўшаву канори Мадина вуљуд дорад ва (аз ин сабаб) тоъун ва Даљљол дар он дохил намешаванд."

914. Аз Анас ибни Молик (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: "Њељ шањре нест, магар он, ки ќадами Даљљол ба он мерасад, магар Макка ва Мадина, њељ роње аз роњњои (ин ду шањр) нест, ки (бихоњад Даљљол аз он дохил гардад), магар он, ки бар сари он роњ малоика саф баста, аз он роњ муњофизат мекунанд.

Баъд аз он се зилзила ва љунбиш дар Мадина ва сокинони он ба вуќуъ мепайвандад (ва дар ин ваќт) њар кофир ва мунофиќе, ки дар Мадина вуљуд дошта бошад, берун гардида ва ба тарафи Даљљол меравад.»



915. Аз Абўсаъиди Худрї (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) дар мавриди Даљљол суханони бисёре гуфтанд ва аз љумлаи он суханон ин буд, ки гуфтанд: "Даљљол зуњур мекунад ва дохил шуданаш ба роњњои Мадина бар вай њаром аст.

Вале вай дар баъзе шўразорњои Мадина манзил менамояд ва дар ин ваќт шахсе, ки аз бењтарин мардумон аст, наздаш рафта ва барояш мегўяд: Ман яќин дорам, ки ту он Даљљоле њастї, ки рољеъ ба ту Паёмбари Худо (с) ба мо хабар доданд.

Даљљол (ба мардумон) мегўяд: Агар ман ин шахсро бикушам ва дубора зинда гардонам, боз њам дар ман шак мекунед? Мегўнд: На! Ў он шахсро кушта ва дубора онро зинда мекунад. Он шахс ваќте, ки Даљљол ўро зинда кард, мегўяд: Ба Худованд ќасам, ки ман њељ гоње мисли имрўз дар Даљљол будани ту мутаяќќин (бодарк) набудаам. Даљљол мегўяд: Ўро бикушед! Вале ба куштани вай ќудрат пайдо намекунад."
БОБИ 9. Мадина палидињоро аз байн мебарад
916. Аз Љобир (р) ривоят аст, ки гуфт: Шахси бодиянишине назди Паёмбари Худо (с) омад ва бо эшон байъат намуда ва Ислом овард. Фардои он рўз дар њоле, ки таб дошт, омада ва гуфт: Байъати маро лаѓв кунед.

Паёмбари Худо (с) ќабул накарданд. Ин талабро се бор такрор намуд, Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Мадина монанди кураест, палидињоро аз худ меронад ва неконро сайќал медињад."


БОБИ 10

917. Аз Анас (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки чунин дуо карданд: "Худое, дучанди он чиро, ки дар Макка баракат додаї, дар Мадина баракат бидењ."
БОБИ 11
918. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме, ки Паёмбари Худо (с) ба Мадина омаданд, Абўбакр ва Билол (р) бемор шуданд. Абўбакр (р) њангоме ки таб мекард, мегуфт:

"Њар касе субњ аз пањлўи ањлаш аз хоб бармехезад, Дар њоле, ки марг аз банди кафшаш бо ў наздиктар аст."

Ва Билол (р) њангоме, ки дардаш тахфиф меёфт, ба гиря меафтод ва мегуфт:



"Оё ин орзуям бароварда хоњад шуд, ки шабе дар водие хобида ва дар атрофам гиёњи изхир ва гиёњи љалил бошад. Ва оё рўзе хоњад омад, ки дар канори оби (Маљинна бошам, Ва кўњи Шома ва кўњи Тафил бароям намоён шавад." Ва мегуфт: Худоё, ба сабаби ин, ки Шайба ибни Рабеъа ва Утба ибни Рабеъа ва Умайя ибни Халаф моро аз сарзамини мо ба сарзамини вабо кўч додаанд, эшонро лаънат кун. Ва Паёмбари Худо (с) дуо мекарданд, ки Худоё, муњаббати Мадинаро бештар аз муњаббате, ки бо Макка доштем, ба дили мо бияндоз. Худоё, дар паймона ва вазни мо баракат бидењ! Ва таби Мадинаро ба Љўњфа мунтаќил бисоз."

Оиша (р) мегўяд: Мо ваќте ба Мадина омадем, ки ин но пурваботарин сарзамини Худо буд ва дар водиаш оби гандида равон буд.


База данных защищена авторским правом ©bezogr.ru 2016
обратиться к администрации

    Главная страница